Шартномаи ҳамкории сармураббии дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб Тоҳирҷон Муъминов ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 09.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Шартномаи ҳамкории 1-солаи дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва сармураббии шинохтаи тоҷик Тоҳирҷон Муъминов ба итмом расид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб соли сипаригардида зери роҳбарии Тоҳирҷон Муъминов дар аввали мавсим соҳиби «Шоҳҷом»-и Тоҷикистон-2023 шуда, баъдан то бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2023 расид.
Ҳамзамон зери роҳбарии Тоҳирҷон Муъминов дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар таърихи фаъолияти худ дубора ба гирифтани мақоми 2-юм дар Чемпионати Тоҷикистон ва медалҳои нуқра шарафёб шуд.
Фаъолияти Тоҳирҷон Муъминов бо дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар Ҷоми КФО-2023 низ хуб буд, зеро дар ин мусобиқот дастаи «Равшан» аввалин имтиёзҳои худро дар даври гурӯҳӣ ба даст оварда, бо се мусовӣ дар гурӯҳ мақоми 3-юмро касб намуд, вале аз идомаи сабқат дар давраҳои баъдӣ бенасиб монд.
Ҳангоми фаъолият дар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб Тоҳирҷон Муъминов тамоми ҳунару маҳорат ва неруи худро баҳри комёбии даста сарф менамуд, ки роҳбарияти даста, сарпарастон ва собиқадорони дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ба кори Тоҳирҷон Муъминов эҳтироми хосса зоҳир намуда, аз ӯ миннатдор мебошанд.
Номи сармураббии нави даста рӯзҳои наздик эълон мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






