Шумораи ҳалокшудагон бар асари сӯхтор дар шарқи Чин ба 39 нафар расид
ДУШАНБЕ, 25.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои мақомоти маҳаллӣ, теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтор дар шаҳри Синйюй, воқеъ дар шарқи музофоти Тзянсии Чин ба 39 нафар расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии БелТА хабар медиҳад.
Сӯхтор 24 январ рӯзона, тақрибан соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ дар ошёнаи зеризаминии бинои бисёрқабата сар задааст. Қаблан дар бораи 25 ҳалокшуда хабар расида буд.
Дар айни замон корҳои наҷотдиҳӣ дар ҷои сӯхтор ба анҷом расидаанд. Сабаби сӯхтор ҳанӯз маълум нест.
Қаблан иттилоъ расида буд, ки дар натиҷаи сӯхторе, ки субҳи барвақти 23 январ дар меҳмонхонаи шаҳри Тсинан дар вилояти Шандун ба амал омад, чор нафар ҳалок шудаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






