Шумораи ҳалокшудагони заминларзаҳо дар Ҷопон ба 100 нафар расид

Январь 6, 2024 10:11

ДУШАНБЕ, 06.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳалокшудагони силсилаи заминларзаҳо, ки аллакай шаш рӯз боз дар Ҷопон идома дорад, ба 100 нафар расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти мақомоти минтақавии Ҷопон иттилоъ медиҳад.

Тибқи маълумоти охир, тақрибан 464 нафар ҷароҳатҳои вазнини гуногун бардоштаанд. Хадамоти изтирорӣ то ҳол макони ҷойгиршавии 222 сокинро пайдо намуда наметавонад. Амалиёти ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар минтақаи офати табиӣ бо ҷалби Қувваҳои худмуҳофизати Ҷопон идома доранд.

Префектураи Исикава хисороти зиёд дидааст. Он ҷо беш аз 250 хона вайрон гардида, сӯхтор тақрибан 300 биноро хароб намудааст.

АКС: AP Photo/ Hiro Komae

Январь 6, 2024 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд