ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Давлатҳои ҷаҳон бояд партофти газҳои гулхонаиро коҳиш диҳанд, то Замин аз таъсири он ҳифз карда шавад

Январь 7, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 06.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад»,- чунин омадааст дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2023 пешниҳод гардид.

Раванди тағйирёбии иқлим давоми даҳсолаҳои охир башариятро ба ташвиш оварда, боиси сар задани ҳодисаҳои гуногуни табиӣ дар сайёраи Замин гардидааст.

Тағйирёбии иқлим — масъалаи глобалии замони муосир

Тағйирёбии иқлим яке аз масъалаҳои глобалии замони муосир ба шумор рафта, боиси ба амал омадани офатҳои табиӣ дар гӯшаю канори ҷаҳон, аз қабили босуръат обшавии пиряхҳо, обхезиҳои бесобиқа, чангу ғубор, тӯфону гирдбодҳои ҳалокатбор, фаромадани селу ярч, сӯхтори ҷангалзор, хушксолӣ бинобар бориши кам, гармии бесобиқа ва дигар зуҳуроти фалокатбори гидрометеорологӣ гардида, ба иқтисоди давлатҳо, захираҳои обию гидроэнергетикӣ, солимии ҷомеа ва амнияти озуқавории давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Тавре коршиноси масоили экологӣ, номзади илмҳои ҷуғрофӣ Анвар Ҳомидов дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, солҳои охир тағйирёбии иқлим дар миқёси сайёра ба мушкилии аввалиндараҷа табдил ёфта, Тоҷикистонро низ таҳти таъсири манфии худ қарор додааст.

Омили асосии тағйирёбии иқлим кадом аст?

Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ, зиёдшавии ихроҷи газҳои гулхонаӣ ба атмосфера сабаби асосии баланд шудани ҳарорати ҳаво дар сайёра мебошад. Яъне, омили асосии тағйирёбии иқлим фаъолияти инсон ва коркарди канданиҳои фоиданоки сайёраи Замин аст. Аксари ин газҳо дар натиҷаи рушди истеҳсолот, яъне сӯзонидани маъданҳо барои истеҳсоли энергия, маҳсулот ва ҳаракати нақлиёти автомобилӣ ҳосил мешаванд.

Ҳиссаи аз ҳама зиёди газҳои гулхонаӣ CO2 мебошад

Ҳиссаи аз ҳама зиёди газҳои гулхонаӣ диоксиди карбон (CO2) мебошад ва маҳз он дар атмосфера муддати зиёд боқӣ монда, ҳарорати ҳаворо баланд мебардорад. Ин ҳолат таъсири худро ба ҳаракати ҷараёнҳои атмосферӣ мерасонад, ки боиси зиёдшавии сар задани офатҳои табиӣ мегарданд.

Таъсири тағйирёбии иқлимро боздоштан хеле мушкил аст

Бо кадом роҳҳо ва тадбирҳои муассир ҷомеаи ҷаҳонӣ имкони коҳиш додани шиддатнокии омилҳои марбут ба тағйирёбии иқлимро дорад? Дар посух ба ин савол коршиноси масоили экологӣ Анвар Ҳомидов иброз дошт, ки дар маҷмуъ таъсири тағйирёбии иқлимро боз доштан хеле мушкил аст, вале роҳҳои паст намудани он вуҷуд доранд. Ин асосан ба кам намудани партофти газҳои гулхонаӣ дар сатҳи сайёраи Замин вобаста аст.

Талаботи Созишномаи Париж бояд иҷро гардад

Даст кашидан аз истифодаи бемайлони захираҳои табиӣ, аз ҷумла нафту газ, ангишт ва ғайра, гузаштан ба технологияи муосир дар истеҳсолот, технологияҳое, ки имконияти ҷаббидани газҳои хориҷшавандаро доранд, шиддатнокии тағйирёбии иқлимро ҷилавгирӣ менамоянд. Ин омилҳо имконияти ноилшавӣ ба талаботи Созишномаи Париж (ҳарорати ҳаво набояд аз 1,5 то 2 дараҷа Селсия баланд гардад)-ро фароҳам меоранд, вале ин кор хеле мушкил аст. Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ ин талаботро иҷро нанамояд, ҳастии минбаъдаи сайёраи Замин зери суол мемонад.

Тоҷикистон партовҳои ками гулхонаӣ дорад

Бо дахли нақш ва мавқеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим ҳамсуҳбати мо афзуд, ки Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба тағйирёбии иқлим ҳамчун давлати дар ҳоли рушд дохил мешавад ва партовҳои хеле ками гулхонаӣ дорад, ки ба сари аҳолӣ тақрибан 1 тонна рост меояд. Ин омор дар муқоиса бо давлатҳои мутараққӣ, назири Амрико- 14 тонна, Чин- 12 тонна хеле паст аст. Аммо Тоҷикистон аз таъсири тағйирёбии иқлим хеле зиёд зарар мебинад.


Президенти мамлакат дар ҳамоишу конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла аз минбарҳои баланди СММ борҳо таъкид намудаанд, ки гарчанде дар Тоҷикистон ҳиссаи партови газҳои гулхонаӣ хеле кам мебошад, вале мамлакат аз таъсири он зиёдтар зиён мебинад ва давлати осебпазир мебошад.

Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим санадҳои муҳим қабул намудааст

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегия миллии рушд то соли 2030» бо назардошти амалӣ намудани ҳадафҳои рушди устувор, «Стратегияи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то соли 2023» бо назардошти амалӣ намудани ҳадафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим ва Созишномаи Париж қабул гардидаанд. Инчунин «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» то соли 2037» бо назардошти таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоя, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва инноватсионӣ кабул гардидааст, ки ба ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим равона шудааст.

СММ ташаббусҳои Тоҷикистонро оид ба обу иқлим ҷонибдорӣ менамояд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим соли 1998 шомил шуда, Созишномаи Парижро соли 2017 ба тасвиб расонидааст. Инчунин ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои обу иқлим аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷонибдорӣ ёфтаанд. Қабули қатъномаи СММ оид ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, инчунин дар чорчӯби Созмони Милал таъсис додани Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо шаҳодати ин гуфтаҳо аст.

Тоҷикистон аз таъсири тағйирёбии иқлим хеле осебпазир аст

«Як нуктаро таъкид намудан ба маврид аст, ки амалӣ намудани амалҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар шароити Тоҷикистон хеле муҳим мебошад, мегӯяд Анвар Ҳомидов,- зеро мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ба таъсири тағйирёбии иқлим хеле осебпазир аст. Ин ба афзоиш ёфтани сар задани офатҳои табиӣ, хушксолиҳо, чангу ғубор, обшавии пиряхҳо, хуруҷи ҳашароти зараррасон ба зироати кишоварзӣ оварда мерасонад».

Чаро Тоҷикистон аз раванди тағйирёбии иқлим бештар хисорот мебинад?

Дар посух ба ин савол Анвар Ҳомидов гуфт, ки ин раванд бештар ба ҷойгиршавии ҷуғрофии Тоҷикистон марбут аст, зеро мамлакати мо дар минтақае воқеъ аст, ки дар самти ҷанубу шарқиаш Чин –бузургтарин давлати саноатии ҷаҳон, дар қисмати ғарбиаш давлатҳои аврупоӣ, ки дорои иқтидори бузурги саноатианд, ҷойгир мебошанд. Инчунин як сабаби дигар аз лиҳози ҷойгиршавии ҷуғрофӣ- ин табиат аст, зеро ҳаракати ҳар як ҳавои атмосферӣ ҳам ба самти мамлакати мо меояд ва ҳам аз самти давлати мо ба дигар ҷониб мевазад.

Технологияҳои муосир ҳаҷми партови газҳои гулхонаиро ба фазо коҳиш медиҳанд

Назар ба андешаи коршинос, дар асоси Конвенсия ва дигар санадҳои байналмилалӣ, ки дар самти ҳифзи муҳити зист ва ҷилавгирӣ аз тағйирёбии иқлим қабул гардидаанд, бисёр давлатҳои ҷаҳон барои паст намудани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ бо муҳит кор мебаранд ва ба натиҷаҳои пурсамар низ ноил мегарданд.


Аз ҷумла, дар кишварҳои пешрафтаи дунё истихроҷи ҳама гуна канданиҳои фоиданок ва коркарди он, инчунин фаъолияти корхонаҳои азими саноатӣ тавассути технологияҳои муосир, ки дар коҳиши ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ба фазо мусоидат менамоянд, амалӣ гардидааст. Ҷиҳати ба роҳ мондани технологияҳои муосир дар саноат ва истеҳсолот, хусусан кишварҳои Аврупо ба пешравиҳо ноил гардидаанд. Даст кашидан аз истифодаи ангишт ва дигар маҳсулоте, ки партовҳои зиёд, хусусан газҳои гулхонаӣ доранд, мисоли возеҳи ин аст.

Рӯ овардан ба иқтисоди «сабз»

Имрӯз кишварҳои мутараққии ҷаҳон саъй доранд, ки ба иқтисоди «сабз» рӯ оранд, ки ин раванд дар самтҳои гуногун амалӣ гардида, ба паст намудани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ба муҳити зист мусоидат менамояд. Бояд тазаккур дод, ки истифодаи васеи энергияи об, Офтоб, шамол ва биогазҳо дар истеҳсолот ва саноат раванди муассир дар роҳи гузашт ба иқтисоди «сабз» аст.

Ин дар ҳоле аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирӣ аз таъсири равандҳои тағйирёбии иқлим тадбирҳои муҳим меандешад. Бо мақсади рушди тавлиди энергияи «сабз» ва кам намудани партовҳои карбонӣ Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки иқтидори неругоҳҳои барқи обиро то соли 2050 ду баробар зиёд намояд.

Ҳамзамон то соли 2032 истеҳсоли барқ дар мамлакат пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо энергияи «сабз» таъмин гардида, аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 7, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
«Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид
Дар Душанбе масъалаи идоракунии захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё барои иштирок дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе даъват шуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд