ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 январ, сешанбе, 30-юмин рӯзи соли 2024 аст

Январь 30, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 2012  дар шаҳри Душанбе аввалин маротиба ҷаласаи Кумитаи марказии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он қарори таъсис додани Лигаи миллии футбол қабул шуд.

***

30 январи соли 2015 дар шаҳри Душанбе дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

***

30 январи соли 2017  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба  муносиботи биступанҷсолагии барқароршавии робитаҳои дипломатию  байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркия ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 маҷаллаи туристии «34travel» дар асоси таҳқиқоти яке аз калонтарин ширкатҳои фаромиллии ИМА   «MasterCard» рейтинги 5 шаҳрро, ки имконияти зиёди сайёҳӣ доранд, нашр намуд. Дар рейтинг мақоми аввалро пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе касб намуд.

***

30 январи соли 2017  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи Иди байналмилалии Наврӯз – 2017-ро тасдиқ намуданд.

***

30 январи соли 2017 теннисбози швейтсариягӣ Роҷер Федерер панҷумин маротиба дар Чемпионати кушоди Австралия ғолиб омад.

***

Соли 2018 дар Тоҷикистон  нахустин маротиба  ҷашни бостонии Сада дар сатҳи давлатӣ таҷлил  шуд.

30 ЯНВАР:

Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони хадамоти гумрук.

***

Дар Ҳиндустон – Рӯзи ёдбуди ҷанговарон дар роҳи истиқлол.

Январь 30, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 сентябр, ҷумъа, 250-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, панҷшанбе, 249-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, сешанбе, 247-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, душанбе, 246-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, якшанбе, 245-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, шанбе, 244-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, ҷумъа, 243-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, панҷшанбе, 242-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, чоршанбе, 241-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, сешанбе, 240-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, душанбе, 239-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, якшанбе, 238-умин рӯзи соли 2024 аст