Теъдоди ҳалокшудагон бар асари заминларзаи Ҷопон то ба 92 нафар афзоиш ёфт

Январь 5, 2024 11:10

ДУШАНБЕ, 05.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳалокшудагон бар асари заминларзаҳое, ки рӯзи панҷум аст дар Ҷопон идома доранд, то 92 нафар афзоиш ёфтааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус маълумоти мақомоти минтақавӣ шаҳодат медиҳанд.

Хадамоти таъҷилӣ наметавонанд макони 242 нафарро муайян намоянд. Тибқи маълумоти охирин, дар натиҷаи заминларзаҳо ва оқибатҳои онҳо зиёда аз 250 нафар сокинон ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Дар минтақаи офати табиӣ амалиёти наҷотдиҳӣ ва ҷустуҷӯӣ идома дорад, ки ба он Неруҳои худмудофиаи Ҷопон ҷалб гардидаанд. Наҷотдиҳандагон 4 январ як зани солхӯрдаро зинда пайдо намуданд, ки беш аз 72 соат дар зери харобаҳо монда буд.

Аз ҳама бештар ба префектураи Исикава зарар дидааст: дар он ҷо зиёда аз 250 хона вайрон ва 200 бинои дигар бар асари сӯхтор хароб гардидааст. Мақомоти маҳаллӣ ҳушдор медиҳанд, ки маълумот ниҳоӣ нест, зеро арзёбии ҳаҷми хисорот идома дорад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: AP Photo/ Hiro Komae

Январь 5, 2024 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд