ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ! Дар Ҳисор ба ифтихори пирӯзии дастаи мунтахаби Тоҷикистон роҳпаймоӣ доир шуд

Январь 30, 2024 10:06

ДУШАНБЕ, 30.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор ба ифтихори пирӯзии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар  рақобат бо дастаи мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Арабӣ ва ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтани футболбозони Тоҷикистон бо иштироки роҳбарон, кормандону фаъолон, собиқадорони варзиш, варзишгарони муваффақ, мухлисони футбол ва наврасону ҷавонон роҳпаймоии умумишаҳрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Иштирокдорони роҳпаймоӣ аксҳои Президенти Тоҷикистон ва шиору овезаҳои ватандӯстона дар даст бо нидои «Тоҷикистон ба пеш!» то варзишгоҳи марказии шаҳр ҳаракат намуда, самимият ва эҳтирому дӯстдориашонро ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ва дар умум ба варзиш ҳамчун қосиди сулҳ намоиш доданд.

Бояд тазаккур дод, ки 28 январи соли 2024  дар бозии 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуда, ба даври 1/4-ниҳоӣ баромад. Бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Давҳа баргузор гардида, вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Дар 30 дақиқаи вақти изофӣ низ ғолиб муайян нашуд. Аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуд.

2 феврал дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври 1/4-ниҳоӣ бо дастаи мунтахаби Урдун дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ дар шаҳри Давҳа бозӣ менамояд. Оғози бозӣ соати 16:30 ба вақти Душанбе мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Январь 30, 2024 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд