Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА ҳафт зина боло рафта, дар ҷойи 99 қарор гирифт

Январь 25, 2024 16:18

ДУШАНБЕ, 25.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар раддабандии маҷозӣ ё онлайнии FIFA бо 1206,94 имтиёз ҳафт зина боло рафта, дар ҷойгоҳи 99-ум қарор гирифт, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар ин феҳрист дастаи мунтахаби Аргентина, қаҳрамони феълии ҷаҳон бо 1855,20 имтиёз дар байни 210 даста дар ҷойи аввал аст. Дастаи мунтахаби Фаронса, ҷоизадори нуқраи чемпионати ҷаҳон бо 1845,44 имтиёз дар ҷойгоҳи дуюм ва дастаи мунтахаби Англия бо 1800,05 имтиёз зинаи сеюмро соҳиб шудаанд. Зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (23-юм, 1553,35 имтиёз), Русия (37-ум, 1498,84 имтиёз) ва Узбекистон (68-ум, 1358,14 имтиёз) ба даст овардаанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз Қирғизистон (105-ум), Озарбойҷон (113-ум), Эстония (123-юм), Латвия (136-ум), Литва (138-ум), Туркманистон (141-ум) ва Молдова (155-ум) пеш аст, вале дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (68-ум) ва Қазоқистон (97-ум) ҷойгир шудааст.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар байни тимҳои миллие, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомил мебошанд, ҷойгоҳи 17-умро соҳиб шудааст. Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар раддабандии FIFA ҷойгоҳи 106-ум буд ва дар ҳамин ҳол 7 зина боло шуд (99-ум), натиҷаи пасттаринаш ҷойгоҳи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Феҳристи навбатии FIFA 15 феврали соли 2024 нашр мешавад.

Зимнан, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё дар Қатар бо касби 4 имтиёз дар гурӯҳи худ баъди дастаи мунтахаби Қатар мақоми дуюмро соҳиб шуд ва ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 1/8-финал бо дастаи мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб 28 январ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Давҳа бозӣ менамояд. Вохӯрӣ соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 25, 2024 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд