ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, фаромадани тарма дар назар аст

Январь 26, 2024 10:28

ДУШАНБЕ, 26.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, шуруъ аз имрӯз то 29 январ ба амал омадани барфу борон ва вазиши боди шадид дар назар аст. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари лағзиши тарма ва туман вуҷуд дорад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе минтақаҳо борон ва 26-29 январ дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳӣ барфу борон ба амал меояд. 27 январ дар водиҳо бориш қатъ мешавад, аммо дар баъзе навоҳии кӯҳӣ он идома меёбад.

Шамол бо шиддати 5-10 метр дар як сония мевазад, 27-28 январ дар навоҳии ҷудогона шиддати бод то ба 15-20 метр дар як сония мерасад.

Дар қаламрави ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо борон ба амал омада, 27 январ дар аксар навоҳии ин минтақа бориш қатъ мегардад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф пешгӯӣ шудааст. 27-28 январ вазиши шамол дар баъзе навоҳӣ то ба 10-15 метр дар як сония мерасад.

Ҳавошиносон дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ менамоянд. Дар баъзе ноҳияҳои ин вилоят борону барф ба амал омада, танҳо 27 январ дар шарқи вилоят бориш намешавад. Шамол бо  суръати 7-12 метр дар як сония мевазад.

Тавре дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, борону барфи пуршиддат метавонад сабаби рух додани ҳодисаҳои зерини фавқулода гардад: лағзиши тарма, резиши санг дар роҳҳо, афзоиши садамаҳо, бахусус дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ва ғайра.

Дар робита ба ин кумита ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад ба хатҳои интиқоли қувваи барқ ​​зарар расонад, дарахтонро шиканад ва афтонад, боми хонаҳо осеб бинанд. Аз ин рӯ, ҳангоми гузаштан аз роҳҳо кӯшиш намоед аз зери дарахтон нагузаред, ҳамчунин аз сутунҳои сустниҳоди рекламаҳо эҳтиёт намоед.

Кумита аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ хеле эҳтиёткор бошанд. Суръати ҳаракати мошинҳои худро боло набаранд ва фосилаи байни мошинҳоро ҷиддӣ риоя созанд.

Ҳамчунин тавсия дода мешавад, ки дар чунин рӯзҳо сокинон аз сафарҳои бе зарурат худдорӣ намоянд.

Кумита хотиррасон менамояд, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани ин ё он ҳодисаи фавқулода ба рақами 112 ва ё телефони қисми навбатдории Кумита: (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 барои кумак муроҷиат намоянд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 26, 2024 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорам
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд