Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки расман «Рӯзи ҷаҳонии Футбол» эълон гардад

Февраль 10, 2024 09:12

ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намуда, тариқи қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Рӯзи ҷаҳонии Футбол» расман эълон гардад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пешниҳод ба СММ, аз ҷумла таъкид намуданд: «Мусалам аст, ки варзиш дар ҳаёти инсоният аз ҷумлаи беҳтарин роҳҳои беҳдошти саломатӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим, инчунин василаи муҳимтарини пайванди халқу миллатҳои гуногун ба шумор меравад. Мардумони сайёраи Замин бештар аз 150 сол аст, ки ба футбол машғуланд ва ин бозӣ аз замони пайдоиш то кунун як вазифа ва як ҳадаф дорад, ки он ба ҳам овардани инсонҳо мебошад. Имрӯз ҳатто дар хурдтарин мамлакати олам одамон ба футболбозӣ машғуланд, яъне футбол ҳамчун маҳсули эҷоди тафаккури инсонӣ аз як бозии оддӣ ба омили пайвандгари инсоният табдил ёфтааст. Маълум аст, ки футбол дар баъзан кишварҳо ҳамчун варзиш маъруф аст, вале он танҳо як бозӣ нест. Ин намуди варзиш як падидаи фарҳанги умумиҷаҳонист, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоиву иқтисодиро убур мекунад. Ин як варзишест, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо забони унверсалӣ сухан мегӯяд, ки ба ҳамагон маълум аст, яъне аз кӯчаҳои пур аз мухлиси шаҳрҳои бузург сар карда, то деҳаҳои дурдасттарини ҷаҳон футболро мешиносанду бозӣ мекунад. Бо назардошти ин пешниҳод дорам, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳони эътироф карда, дар Созмони Милали Муттаҳид аз тариқи қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Рӯзи ҷаҳонии Футбол» расман эълон гардад».

Февраль 10, 2024 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад