25 нафар дар натиҷаи фаромадани ярч дар шарқи Афғонистон ҳалок гардид

Февраль 20, 2024 15:48

ДУШАНБЕ, 20.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари фаромадани ярч дар шарқи Афғонистон, воқеъ дар деҳаи минтақаи Норҳарам дар музофоти Нуристони шарқи Афғонистон 25 нафар ҳалок ва 10 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи душанбе ҳокими минтақа Қорӣ Ҳабибулло Собир хабар додааст.

Офати табиӣ шаби якшанбе, пас аз борону барфи шадид дар ноҳияи Татин-Дараи минтақаи Норҳарам
ба амал омад, дар байни ҳалокшудагон занону кӯдакон низ ҳастанд.

Амалиёти наҷотдиҳӣ идома дорад.

Дар натиҷаи сел инчунин 20 манзил хароб шудааст.

Дар бархе музофоти Афғонистон, бо иловаи Кобул аз нимаи дуюми рӯзи якшанбе инҷониб борон ва барф меборад.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 20, 2024 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад