9 феврал дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Агентии содирот, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, «Амонатбонк», Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 08.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 феврал дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа оид ба ҷамъбасти соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа соати 09:00 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» соати 09:00 доир мешавад.
Дар Агентии содирот нишасти матбуотӣ соати 10:00 баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм соати 11:00 доир мегардад.
Дар Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ соати 15:00 баргузор мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соати 08:00 ва дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон соати 10:00 гузаронида мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






