Абдухалил Ғафурзода ба ҳайси Намояндаи ваколатдори Тоҷикистон дар Ассамблеяи парлумонии СААД ба фаъолият шуруъ намуд
ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қароргоҳи Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) дар Санкт-Петербург вохӯрии Котиби масъули Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Сергей Поспелов бо Намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) Абдухалил Ғафурзода баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иттилоъ медиҳад.
Зимни мулоқот нақшаи кор барои соли 2024 ва дурнамои рушди фаъолияти муштарак дар доираи Ассамблея бо ҳамтоёни тоҷик баррасӣ гардид.
Тавре Сергей Поспелов иттилоъ дод, дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вусъат бахшидани ҳамкорӣ оид ба ҷузъи академии кор бо санадҳои намунавӣ баррасӣ шуд. Дар айни замон ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ бо якчанд донишгоҳи олии Тоҷикистон омода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Абдухалил Ғафурзода охири моҳи январи соли 2024 дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) таъйин гардид.
Абдухалил Ғафурзода аз соли 2019 дар вазифаи ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамуд. Номбурда ҳамчунин узви шурои диссертатсионӣ дар донишгоҳҳои давлатии Санкт-Петербург ва Қирғизистон мебошад.
АКС: Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД)








Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






