Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин аз тамошои Қалъаи Ҳисор таассуроти нек бардошт
ДУШАНБЕ, 24.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин таҳти роҳбарии муовини якуми директори Мактаби ҳизбии назди Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин Се Чунтао, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, дар шаҳри Ҳисор бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос шуданд. Ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд, ки ҳайати меҳмононро дар регистони Қалъаи Ҳисор роҳбарияти шаҳри Ҳисор истиқбол ва хайрамақдам гуфт.
Меҳмонон баъди тамошои Қалъаи Ҳисор таассуроташонро оид ба фарҳанги волои тоҷикон, саҳми арзишманди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Чин дар тақвияти равобити давлатҳо, решаҳои таърихӣ доштани дӯстии миллатҳо, саҳми тоҷикон дар таҳкими «Роҳи бузурги абрешим» ва сатҳи баланди меҳмоннавозии тоҷикон нек арзёбӣ намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд
Беҳтарин асарҳои назмию насрӣ дар соли 2026 муайян мегарданд
«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад
Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад






