Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 27-уми байналмилалии сайёҳӣ ва саёҳати минтақаи шарқии баҳри Миёназамин иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 07.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки техникӣ оид ба ҳамкории сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Туркия ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 27-уми байналмилалии сайёҳӣ ва саёҳати минтақаи шарқии баҳри Миёназамин (EMITT) иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.
Зимни ташрифи EMITT ҳайати мамлакат бо роҳбарияти Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳӣ (TÜRSAB), Иттиҳоди сармоягузорони соҳаи сайёҳӣ (TTYD), Ширкати ҳавопаймоии Туркия (Turkish Airlines) ва дигар ташкилоти тиҷоратию ширкатҳои сайёҳии Туркия имконияти тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла тавассути самтҳои гуногуни зербахшҳои сайёҳӣ, афзоиши шумораи хатсайрҳо ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин дар ҳошияи сафар байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати туркии Anatoli Health Assistance Ёддошти тафоҳум ҷиҳати ҳамкорӣ дар самти хизматрасонии машваратӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расонида шуд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд






