Ҷаласаи байниидоравӣ оид ба таҳия ва пешниҳоди Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон доир гардид
ДУШАНБЕ, 24.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазир Қиёмиддин Давлатзода ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳия ва пешниҳоди «Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба вазорати мазкур.
Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар асоси банди 3 Нақшаи кории Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2024-2028, ки аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони иҷтимоӣ бо фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2024 таъсис дода шудааст.
Бо назардошти уҳдадориҳои байналмилалии қабулнамуда Тоҷикистон якҷоя бо шарикони сеҷониба (мақомоти давлатӣ, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои корфармоён) «Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 — 2026» таҳия ва омода менамояд.
Ёдовар мешавем, ки 17 июни соли 1999 Конфронси байналмилалии меҳнат Конвенсияро дар бораи шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон ва вобаста ба он Тавсияи №190 қабул намуд, ки давлатҳои аъзои Ташкилоти байналмилалии меҳнатро ба андешидани тадбирҳои фаврӣ ва самаранок барои манъ намудан ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон даъват намуд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд






