Арзиши 1 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 440 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Арзиши 1 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 440 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна он 673 долларро дар бар мегирад. Дар ин хусус 5 феврал Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода иттилоъ дод.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Синои пойтахт ин меъёр моҳи июни соли 2023 607 доллар буд, имрӯз он 580 долларро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон Низом Мирзозода изҳор дошт, ки нархи хонаҳои истиқоматӣ дар ҷумҳурӣ аз баландии ошёнаҳои бино низ вобаста аст. Зеро ҳар қадаре ки ошёна баландтар бошад, нарх арзонтар мешавад.
Мавсуф изҳор дошт, ки арзиши 1 метри мураббаъ манзили истиқоматии мо нисбат ба Русия, Қазоқистон, Молдова, Арманистон, Қирғизистон, Узбекистон арзонтар аст. Он дар Русия 4042, Беларус-1544, Молдова -912, Қазоқистон- 998, Озарбойҷон-1148, Узбекистон-775, Қирғизистон-635 долларро ташкил медиҳад.
Соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоҳати умумии 1 миллиону 737 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 2,1 фоиз зиёд мебошад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид






