Арзиши 1 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 440 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад

Февраль 6, 2024 09:46

ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Арзиши 1 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 440 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна он 673 долларро дар бар мегирад. Дар ин хусус 5 феврал Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода иттилоъ дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Синои пойтахт ин меъёр моҳи июни соли 2023  607 доллар буд, имрӯз он 580 долларро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон Низом Мирзозода изҳор дошт, ки нархи хонаҳои истиқоматӣ дар ҷумҳурӣ аз баландии ошёнаҳои бино низ вобаста аст. Зеро ҳар қадаре ки ошёна баландтар бошад, нарх арзонтар мешавад.

Мавсуф изҳор дошт, ки арзиши 1 метри мураббаъ манзили  истиқоматии мо нисбат ба Русия, Қазоқистон, Молдова, Арманистон, Қирғизистон, Узбекистон арзонтар аст. Он дар Русия 4042, Беларус-1544, Молдова -912, Қазоқистон- 998, Озарбойҷон-1148, Узбекистон-775, Қирғизистон-635 долларро ташкил медиҳад.

Соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоҳати умумии 1 миллиону 737 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022  2,1 фоиз зиёд мебошад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Февраль 6, 2024 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд