Байни донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ оғоз ёфтанд
ДУШАНБЕ, 29.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ байни донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар маҷмааи варзишии донишгоҳ мусобиқаҳои варзишии волейбол, шашка, шоҳмот ва тенниси рӯи миз оғоз гардиданд. Мусобиқаҳо то 2 март идома меёбанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Мақсади баргузории мусобиқаҳои варзишӣ- тарғиби тарзи ҳаёти солим байни донишҷӯён, ҷалби таваҷҷуҳи онҳо ба варзиш, оммавигардонии варзиш байни донишҷӯён, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни онҳо, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишии донишҷӯён ва муайян намудани дастаи мунтахаби донишгоҳ мебошад.
Дастаҳои ғолиб бо Ҷом, Диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ мешаванд.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






