Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Шаҳрисабзи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Февраль 15, 2024 17:23

ДУШАНБЕ, 15.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Узбекистон ба таври маҷозӣ созишномаи ҳамкорӣ баста шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ хабар доданд.

Ҳуҷҷати ҳамкорӣ аз тарафи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода ва ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Шаҳрисабз Ҷамшед Шоназаров дар шакли маҷозӣ ба имзо расонида шуд.

Тибқи бандҳои созишнома, рушди табодули таҷрибаомӯзии омӯзгорон ва ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯён, фаъолияти муштараки илмӣ, ташкил ва баргузор намудани конференсияҳо, амалӣ намудани нашри маводи илмӣ ва дигар фаъолияти муҳими илмӣ-фарҳангӣ, ки ба манфиати ҷонибҳо мебошад, амалӣ  мешавад.

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ феълан ҳамкории судмандро бо 111 муассисаи олӣ ва олии касбии ватаниву хориҷӣ дар самти илмиву таълимӣ ва мубодилавию фарҳангӣ амалӣ намуда, тасмим гирифтааст, ки дар оянда ҳамкориро бо муассисаҳои бонуфузи дунё тавсеа бахшад.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Февраль 15, 2024 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид