Бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон вобаста ба интихоби дурусти касб вохӯрӣ доир гардид

Февраль 25, 2024 16:25

ДУШАНБЕ, 25.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон вохӯрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят бо хонандагон (хатмкунандагони соли хониши 2023-2024)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.

Дар мулоқот раиси шаҳр гуфт, ки дар зиндагӣ  барои инсон интихоби касб яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб мешавад.  Интихоби касби мувофиқ имконият медиҳад, ки ҳар шахс соҳиби ҷойи кор шавад ва аз уҳдаи иҷрои он сарбаландона барояд. Бояд ҷавонон дар интихоби касб ба иштибоҳу шитоб роҳ надиҳанд. Онҳо бояд касберо интихоб намоянд, ки ба дониш, шавқу рағбат ва маҳораташон мувофиқ бошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки «дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзанда пайдо намояд».

Ректорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд доир ба шароити таълим ва имконияти донишгоҳҳо ба хатмкунандагон маълумот манзур намуданд.

Изҳори итминон шуд, ки хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр имконияти фарохи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоятро дарк намуда, пас аз хатми муассисаҳои таълимӣ бо интихоби дурусти касб ба дилхоҳ донишгоҳ дохил гардида, соҳиби маълумоти олӣ мегарданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимяити давлатии шаҳри Гулистон

Февраль 25, 2024 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид