«ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Бо назардошти таҷрибаи Тоҷикистон давлатҳои ИДМ ин гуна лоиҳаи қонун таҳия менамоянд

Февраль 15, 2024 16:22

ДУШАНБЕ, 15.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» бо назардошти арзишҳои миллӣ, таълимоти ниёгон, таҷрибаи низоми қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардидааст. Тибқи таҳлилҳо, дар низоми қонунгузории давлатҳои дигар, махсусан Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар чунин шакл дар сатҳи умумидавлатӣ қонуни алоҳида то ҳол қабул нашудааст. Мувофиқи баъзе сарчашмаҳо, аллакай дар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба таҳияи чунин лоиҳаи қонун бо назардошти таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом гирифта шудааст, ки мояи ифтихор аст. Чунин нигоштааст муовини якуми Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Муҳаммадҷон Соҳибзода дар мақолааш, ки онро манзури хонандагон мегардонем.

 — Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шуд.  Яке аз ҳадафҳои эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ амалӣ намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан қонунҳои соҳаҳои алоҳида ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси шаҳрвандӣ ва ташаккули тарбияи ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад.

Масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Зеро бо қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин арзишҳои тарбияи ватандӯстӣ, ба мисли ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот, тамомияти арзии давлат ва дигар арзишҳо дар сатҳи Конститутсия таҷассум ёфтаанд.

Бо сипарӣ шудани зиёда аз се 10-сола аз Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 406 санади қонунгузорӣ қабул шудааст, ки аз ин шумора 45 қонун ба таври умумӣ масъалаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро танзим менамоянд.

Дар баробари ин, Ҳукумати мамлакат то имрӯз зиёда аз 10 консепсия, стратегия ва барномаҳои махсуси тарбияи ватандӯстиро қабул ва амалӣ намудааст.

Вале солҳои охир бо мураккаб шудани вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, вусъат гирифтани таҳдиду хатарҳои замони муосир арзиши Истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дар умум, пойдории давлатдории миллӣ яке аз масъалаҳои мубрам маҳсуб мешавад.

Маҳз бо мақсади пойдории арзишҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ҳифзи онҳо, пешгирии таҳдиду хатарҳои замони муосир Ҳукумати мамлакат аз роҳу василаҳои гуногун истифода менамояд.

Вале таҷриба воқеан собит намуд, ки яке аз омили муҳим дар ин самт ташаккули тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ҳисси шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

Барои ҳалли ин масъалаҳо зарурати ба таври дақиқ муайян намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ, мақсад ва вазифаҳои он, низом, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ин соҳа, инчунин таъмини фаъолият ва идоракунии давлатӣ дар соҳа зарурати танзими ҳуқуқии мушаххасро дар доираи Қонуни алоҳида тақозо менамуд.

Ба андешаи мо, маҳз бо таваҷҷуҳ ба ин омилҳо сатҳи баланди тарбияи ватандӯстӣ ва фаъолияти касбии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ буд, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ аз озмоиши баланди ҳуқуқӣ гузашт ва 24 декабри соли 2022 қонун қабул гардид.

Амали зиёда аз як соли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» воқеан собит намуд, ки дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсияи таҳия ва қабули он асоснок, саривақтӣ ва дорои афзалияти ҳуқуқии муҳими зерин мебошад:

— яке аз афзалияти муҳими Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» он аст, ки дар қонун масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ на танҳо аз дидгоҳи хоси ҳуқуқӣ, балки бо фарогирии ҷанбаҳои иҷтимоиву фалсафӣ, сиёсиву идеологӣ ва фарҳангиву ахлоқӣ таҷассум ёфтаанд.

Ин ҳолатҳо бозгӯйи он ҳастанд, ки падидаи «тарбияи ватандӯстӣ» падидаи сирф ҳуқуқӣ набуда, аз нигоҳи илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода мешавад.

Маҳорати баланди фаъолияти қонунэҷодкунӣ дар ин соҳа ифодаи он аст, ки ҷанбаҳои мухталифи тарбияи ватандӯстӣ дар сатҳи Қонун инъикос ёфтаанд. Аз ҷумла, дар он масъалаҳои тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ, тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ, тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ ва дигар ҷанбаҳои иҷтимоиву ҳуқуқии тарбияи ватандӯстӣ мустаҳкам шудаанд.

Дар умум, чунин афзалияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» далели он аст, ки зимни тарғибу ташвиқ ва амалӣ намудани корҳои тарбиявӣ дар ин соҳа дар баробари донишҳои ҳуқуқӣ, инчунин донишҳои соҳаҳои дигари ҷомеа басе муҳим аст.

Дар ҳамин замина ба мақсад мувофиқ аст, ки ҷиҳати густариши тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар ҳошияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар баробари ҳуқуқшиносон дигар мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҷомеашиносӣ низ бояд ҷалб шаванд;

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи таҳияи қонунҳоро бо назардошти хусусияти хос ба низоми сиёсати ҳуқуқии мамлакат доро мебошад.      Махсусан бо ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардиданд, ки чунин таҷрибаи қонунэҷодкунӣ зимни таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ба назар гирифта шудааст.

Воқеан ин иқдом ба рушди устувори низоми қонунгузории миллӣ мусоидат намуд, ки доир ба танзими соҳаҳои алоҳидаи ҳаёти ҷомеа чунин қонунҳои хос ба низоми давлатдории мо таҳия ва қабул мешаванд.

Аз ҷумла, дар пасманзари ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат вобаста ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо чанде пеш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» (03.01.2024) қабул гардид, ки идомаи чунин таҷрибаи хоси қонунгузории мамлакат ба ҳисоб рафта, чунин таҷриба дар қонунгузории давлатҳои дигар ба мушоҳида намерасад;

— афзалияти дигари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» он аст, ки таҳлили меъёрҳои қонун нишон медиҳад, ки бештари масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ ба таври мушаххас дар Қонун танзим гардида, ба санадҳои дигари қонунгузорӣ ҳавола намешаванд.

Таҳлили муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» далели он аст, ки 97 дарсади муносибатҳо дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ бевосита дар қонун танзим шудаанд. Танҳо барои татбиқи ин қонун қабули се санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ пешбинӣ шудааст.

Аз ҷумла, як қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва ду қарори мақоми ваколатдори давлатӣ доир ба муайян намудани воҳиди сохторӣ ва тартиби ташаккули феҳристи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ин самт пешбинӣ шудааст.

— дигар афзалияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар он ифода меёбад, ки дар ин қонун тарбияи ватандӯстӣ на танҳо ба ҷавонон, балки ба кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ, новобаста аз синн ва касбу кор равона гардидааст.

Вале, дар маҷмуъ дар меҳвари он таваҷҷуҳи бештар ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон зоҳир шудааст.

Ин ҳолат беҳуда нест, зеро мувофиқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 октябри соли 2022 аз шумораи умумии аҳолӣ 33 фоизи онро ҷавонони 14-30-сола ташкил медиҳанд ва дар 20 соли охир шумораи ҷавонон 33 фоиз зиёд гардидааст.

Инчунин тибқи омори мавҷуда, 97 фоизи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил менамоянд.

Вобаста ба ин қисмати масъала метавон хулоса намуд, ки барои татбиқи ҳарчи бештари меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан моддаи 43, ки дар арафаи таҷлили 30-солагии қабули он қарор дорем, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»р муҳим ва саривақтӣ маҳсуб мешавад.

Мо боварии комил дорем, ки амалигардонии меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» барои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ҳидоят ба ояндаи неки давлатдорӣ, таъмини арзишҳои миллӣ ва пойдории давлатдорӣ мусоидати амиқ менамояд.

Таҳлили паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат собит менамояд, ки дар заминаи онҳо 90 ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ таҳия ва қабул шудааст.

То ин муддат 495 ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ, аз ҷумла 68  консепсия, 60 стратегия ва 367 барномаи давлатӣ қабул гардидаанд, ки доир ба масъалаҳои умумии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз ин шумора зиёда аз 80 ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ ва ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон зиёда аз 10 адади он равона  шудааст.

Ҳадафи асосии банақшагирии стратегӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон- қабули барнома, стратегия ва консепсияҳои мушаххас бо мақсади марҳила ба марҳила муайян намудани ҳолати мавҷуда, мушкилоти бамиёномада, роҳу василаҳои ҳалли онҳо ва рушди минбаъдаи масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ ба шумор меравад.

Муҳаммадҷон СОҲИБЗОДА,
муовини якуми Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2024 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода аз таъмири асосӣ бароварда шуд
Витаминҳо барои организми инсон чӣ аҳамият доранд?
Пешвои миллат: «Эҳтироми падару модар ва ба ҷо овардани хизмати онҳо беҳтарин савоб ва ба қавли бузургон баробар ба ҳаҷ кардан аст»
27-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Ифтихори миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ таҳкимбахши ваҳдати миллӣ аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зардолу камхуниро бартараф месозад
Даврон Сафарзода: «Олимони тоҷик минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат саҳм гузоранд»
То Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 масҷид фаъолият дошта, шумораи онҳо имрӯз ба беш аз 4 ҳазор расидааст
Сарвари давлат: «То имрӯз беш аз 255 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳаҷи фарзӣ ва зиёда аз 400 ҳазор умраро ба ҷо овардаанд»
Гурӯҳи кории шаҳри Душанбе бо сокинони ноҳияи Варзоб вохӯрии судманд баргузор намуд
Дар Душанбе ҷаласаи 3-юми аъзои Гурӯҳи кории бисёрҷониба барои баррасии Харитаи роҳ доир гардид
САЛОМ, ТОБИСТОН! Лагери истироҳативу омӯзишии «Рангинкамон» ба фаъолият оғоз намуд
Пешвои миллат: «Қурбонӣ кардан танҳо ба шахсоне воҷиб аст, ки имконияти мусоиди молиявӣ доранд»