Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» гузаронида шуданд

Февраль 27, 2024 13:36

ДУШАНБЕ, 27.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев байни  донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва унвонҷӯён аз рӯи ихтисоси (PhD) даври якуми озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон»  ва «Магистранти сол»  баргузор гардид. Дар  ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Тибқи шарт ва талаботи низомнома, озмунҳо барои зинаи бакалавриат ва магистратура аз рӯи 6 номинатсия ва барои унвонҷӯён ва докторантон аз рӯи ихтисоси (PhD) аз рӯи 5 номинатсия гузаронида шуданд.

Ҳамзамон даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол» байни магистрантони донишгоҳ ҷамъбаст гардид.

Ғолибони даври якуми  озмунҳо аз тарафи ҳакамон муайян гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

 

Февраль 27, 2024 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид