Дар Душанбе Ташкилоти ибтидоии «Китобшинос» таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 24.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо ҷонибдории якдилонаи кормандони Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон» -и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Ба ташкилоти ибтидоӣ «Китобшинос» ном гузошта шуда, роҳбарияти ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид. Ба нафароне ки нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд, аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим гардиданд.
Инчунин вобаста ба дастовардҳои соҳаи фарҳанги мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ суҳбат намуда, вобаста ба китобу китобдорӣ дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ изҳори қаноатмандӣ шуд. Таъкид шуд, ки ташкилоти ибтидоии навтаъсиси «Китобшинос» дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши арзанда мегузорад.
АКС: Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






