Дар Хатлон 44 далели вайрон намудани талаботи Қоидаҳои ҳаракати роҳ аз тарафи ронандагон ошкор гардид

Февраль 3, 2024 10:58

ДУШАНБЕ, 03.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар маркази вилоят –шаҳри Бохтар 44 далели вайрон намудани талаботи Қоидаҳои ҳаракати роҳ аз тарафи ронандагон ошкор шуд, ки дар байни он 8 ҳолати ғайриқонунӣ ва бе иҷозатномаи сиёҳшиша идора намудани воситаи нақлиёт ва 3 далели дигар бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаи нақлиёт мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Риояи Қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки ҷузъи муҳими фарҳангу маданияти шаҳрдорӣ дониста мешавад, агар аз як ҷониб аз баланд будани маърифати ҳуқуқии ронанда гувоҳӣ диҳад, аз тарафи  дигар, ба пешгирии садаманокӣ ва ба ин васила таъмини бехатарии пиёдагардон ва дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳ мусоидат менамояд.

Бо мақсади пешгирӣ аз содиршавии садамаҳои роҳу нақлиётӣ, ошкору пешгирии қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ, танзими ҳамлу нақли мусофирон, пешгирии танбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт ва дигар қоидавайронкуниҳо аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон нақшаи чорабиниҳои махсуси профилактикӣ таҳия ва амалӣ гардидааст.

Ҳамарӯза аз ҷониби кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят ва дигар ҷузъу томҳои милитсияи Хатлон санҷишу амалиёт ва чорабиниҳои мақсаднок гузаронида мешаванд.

 АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон

Февраль 3, 2024 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид