Дар музофоти Аргентина аз аввали сол беш аз 39 ҳазор ҳолати бемории вараҷаи денге сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 16.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 39,5 ҳазор ҳолати сироятёбӣ аз вараҷаи Денге, инчунин 29 ҳолати фавт дар аксари музофоти Аргентина сабт шудааст, истинод намудааст «Синхуа» ба маълумоти Вазорати тандурустии ин кишвар, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Тибқи гузориши вазорат, дар аввали моҳи феврал 36 765 ҳолати сироятёбӣ дар байни сокинони маҳаллӣ ба амал омад, ки 1813 ҳолати он вурудӣ буда, 966 ҳолат мушаххас мегардад.
Нишонаҳои бемории денге аз табларза, дарди мушакҳо ё буғумҳо, дилбеҳузурӣ ва пайдоиши доғҳо иборат мебошанд.
АКС аз бойгонӣ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






