Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» фаъолияти занон назаррас аст
ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода бо фаъолияти занону духтарон дар иншооти бузурги аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз наздик шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки ин иншооти бузурги аср бо талош ва кӯшишҳои хастагинопазири Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакатро марҳила ба марҳила ба истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардонад.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ шинос гардида, дар утоқҳои корие, ки занон чун мутахассис ва ташхисгари масолеҳи сохтмонӣ фаъолияти меҳнатӣ доранд, бо онҳо мулоқоти судманд анҷом дод.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






