Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кишти картошкаи барвақтӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 07.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кишти барвақтии картошка идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 24 ҳазору 281 гектар замини корам мавҷуд буда, деҳқонон нақша доранд, ки имсол дар майдони 19748 гектар кишти баҳориро анҷом диҳанд.
Роҳбарияти вилоят бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи мақсадноку оқилонаи замин барои рӯёнидани ҳосили баланд, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, таъмини киштзор бо оби полезӣ, риояи ҳатмии сохтори кишт, гирифтани ду — се ҳосил аз як замин маслиҳатҳои муфид доданд.
Таъкид гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокӣ ҳатман қоидаҳои агротехникӣ риоя гардида, дар муҳлатҳои оптималӣ кишти баҳорӣ анҷом дода шавад. Зеро бино ба андешаи мутахассисони соҳа, кишти картошкаи барвақтӣ дар иқлими вилояти Суғд асосан моҳи феврал анҷом дода мешавад.
Дар ноҳия имсол дар майдони 250 гектар кишти картошкаи барвақтӣ ба нақша гирифта шуда, деҳқонон ҷиҳати рӯёнидани ҳосили баланд ҷаҳду талош меварзанд.
Дар ҷамъияти ба номи Абдураҳим Ҷумъаев кишти картошкаи барвақтӣ дар майдони 50 гектар ба нақша гирифта шуда, бо ин мақсад тухмии хушсифат захира гардидааст.
Маҳз истифодаи мақсадноку оқилонаи заминҳо сабаби фаровонии бозори истеъмолӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат мегардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






