Дар шимоли Фаронса бар асари тӯфон қариб 90 ҳазор хона бе барқ монд

Февраль 23, 2024 15:51

ДУШАНБЕ, 23.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан 90 ҳазор хона дар шимоли Фаронса бинобар тӯфони «Луи» бе барқ монд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус шабакаи телевизиони BFMTV бо истинод ба танзимгари шабакаҳои барқии Enedis хабар додааст.

Тибқи маълумоти Enedis, дастрасӣ ба шабакаҳои барқӣ дар баъзе маҳалҳои аҳолинишин мушкил шудааст.

Тӯфони «Луи» рӯзи панҷшанбе шимоли Фаронсаро фаро гирифт. Бинобар ҳавои номусоид ҳаракати қатораҳо дар Нормандия қатъ гардид. Тибқи иттилои хадамоти миллии обуҳавошиносии Meteo France, дар робита ба тӯфон дар 27 шуъбаи шимолии Фаронса, аз ҷумла дар Париж ва минтақаи пойтахти Ил – де — Франс сатҳи таҳдиди пеш аз охирин- «норанҷӣ» эълон гардид.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 23, 2024 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад