Дар Суғд ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба тирпаронӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 21.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойгоҳи клуби вилоятии варзишӣ — тирпаронии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилояти Суғд мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба тирпарронӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Мусобиқа аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир гардид.
Дар мусобиқа зиёда аз 50 варзишгар аз шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Бӯстон, ноҳияҳои Деваштич, Ашт, Мастчоҳ, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов фаъолона иштирок намуданд. Он аз рӯи намудҳои тирпаронии пневматикӣ (ВП-1 ва ПП-2) бо риояи қатъии қоидаҳои амалкунанда байни духтарон ва писарон гузаронида шуд.
Ғолибони мусобиқа бо медалу дипломҳои дараҷавӣ ва иштирокчиёни фаъол бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






