Дар «Тоҷикфилм» Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд

Февраль 22, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 22.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маъмурияти «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.

Роҳбарияти «Тоҷикфилм» ва намояндагони ҳизб доир ба таъсис ва таҳкими ҷузъу томҳои Артиши миллӣ ибрози назар намуданд.

Иброз гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусу дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассос таъсис ёфта, ҳоло ба сохтори мукаммалу боэътимод ва муназзаму муосир мубаддал гаштааст.

Маҳз бо ибтикор ва кӯшишҳои хастагинопазири Пешвои миллат Қувваҳои Мусаллаҳ  бе ягон мероси низомӣ бунёд шуда, Артиши воқеан миллӣ гардид ва имрӯз дар фазои сулҳу амният сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷиҳати амалисозии сиёсати бунёдкорона ва хирадмандонаву дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқонаву софдилона меҳнат менамояд.

Таъкид гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар фарди соҳибватан мояи ифтихор буда, қарзи шаҳрвандию инсонии ҷавонону бонангу номуси тоҷик ба шумор меравад.

Дар идома кормандони фаъоли Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ва роҳбарияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ шуданд.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Февраль 22, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад