Дар Зафаробод Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид

Февраль 23, 2024 16:59

СУҒД, 23.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии  АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Зафаробод  хабар доданд.

Раиси ноҳияи Зафаробод, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд афсарону сарбозон, роҳбарон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои низомиро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуда, Артиши миллиро муҳофизи обу хоки муқаддаси ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, амнияту оромӣ ва Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуданд.

Иброз гардид, ки Артиши миллӣ дар давраи басе душвору сангин ва бе заминаи мустаҳками моддию техникӣ ташкил шуд, вале дар муддати кӯтоҳ дар партави дастгирию пуштибониҳои пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат ба лашкари қавӣ ва муҷаҳҳазу тавоно мубаддал гардид. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар ҷавони синни даъватӣ мактаби шуҷоату мардонагӣ, қарзи фарзандӣ ва садоқат ба сарзамини аҷдодӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳамаи мо бояд барои таҳкими пояҳои Артиши миллӣ, яъне омода намудани ҷавонон барои хизмати ҳарбӣ аз самими дил ва бо камоли садоқат саҳм гузорем.

Дар ҷамъомад ба як зумра хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, комиссариаи ҳарбӣ, ҷанговарони интернатсионалист ва барқароркунандагони сохти конститутсионӣ сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим гардид.

Барномаи рангини идонаи бахши фарҳанги ноҳия табъи иштирокдоронро болида гардонид.

 АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Зафаробод

Февраль 23, 2024 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт