Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс барои гирифтани роҳхати олимпӣ ба Италия меравад
ДУШАНБЕ, 29.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 11 март дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия мусобиқаи 1-уми ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс баргузор мешавад, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс иштирок менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар сабқатҳо 632 варзишгар (399 мард ва 233 зан) аз 112 давлат, инчунин дастаи паноҳандагон иштирок менамоянд. Дар мусобиқа 49 роҳхат ба Олимпиадаи Париж аз рӯи 13 вазн (7 вазн байни мардон – 28 роҳхат, 6 вазн байни занон – 21 роҳхат) дода мешавад. Аз ҷумла, дар ҳамаи вазнҳо варзишгароне, ки то нимфинал мерасанд – 4 роҳхат дар ҳар вазн, ба истиснои вазни 57 кг (2 роҳхат) ва 60 кг (3 роҳхат) байни занон соҳиби роҳхат ба Париж мешаванд.
Федератсияи бокси Тоҷикистон дастаи мунтахабро пурра ба Италия ҷалб менамояд. Қабл аз чорабинӣ дастаи мунтахаби мамлакат дар Черногория ба ҷамъомади машқӣ фаро гирифта шуд.
Мусобиқаи дуюм ва охирини ҷаҳонии интихобии олимпӣ моҳи май дар Бангкоки Тайиланд доир мешавад.
Ҳоло Тоҷикистон ду роҳхати олимпӣ дорад, ки ҳардуро муштзанҳо Миҷгона Самадова (57 кг) ва Давлат Болтаев (92 кг) сазовор гардидаанд.
АКС: Федератсияи бокси Тоҷикистон








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






