Ду ҷавони фаъоли Ҷамъияти тоҷикони вилояти Уляновск дар мусобиқаи минтақавӣ оид ба кикбоксинг соҳиби ҷои аввал шуданд
ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Уляновски вилояти Уляновски Федератсияи Русия мусобиқаи минтақавӣ оид ба кикбоксинг байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор гардид, ки дар он ду варзишгар ва ҷавони фаъоли Ҷамъияти тоҷикони вилояти Уляновск Акбар Камолов ва Раҳмоналӣ Содиқов дар вазни 67 килограмм иштирок намуда, ҳарду соҳиби ҷойи якум шуданд.
Тавре муовини раиси Ҷамъияти тоҷикони вилояти Уляновск Камолиддин Каримов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, мусобиқа аз ҷониби Вазорати варзиши вилояти Уляновск дар якҷоягӣ бо Федератсияи кикбоксинги вилоят ташкил шуда, дар он дар умум 100 варзишгар аз дастаҳои мактабҳои варзишии ҳар шаҳру ноҳияи вилоят иштирок намуданд.
Акбар Камолов ва Раҳмоналӣ Содиқов барои иштирок дар мусобиқа дар минтақаи Приволжскии Федератсияи Русия роҳхат гирифтанд.
АКС: Ҷамъияти тоҷикони вилояти Уляновск








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






