Фаъолияти бошгоҳи футболи «Истиқлол» дар соли 2023 натиҷагирӣ ва ҳадафҳо барои мавсими нави соли 2024 муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Фаъолияти бошгоҳи футболи «Истиқлол» дар соли 2023 натиҷагирӣ ва ҳадафҳо барои мавсими нави соли 2024 муаррифӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба бошгоҳи футболи «Истиқлол».
Дар ибтидо филми мустанад оид ба бурду бохти даста дар соли 2023 намоиш дода шуд. Бояд таъкид намоем, ки дастаи «Истиқлол» соли 2023 чемпиони Лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуда буд.
Инчунин бошгоҳи футзали «Истиқлол», ки аз таъсиси он ҳамагӣ 3 сол гузаштааст, унвони чемпиони Суперлигаи футзали Тоҷикистонро дар соли 2023 ба даст овард.
Сипас Президенти клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе ва ҳамзамон узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон Шоҳрух Саидзода тамоми футболбозону футзалбозон, мураббиён ва кулли кормандони бошгоҳро бо натиҷаю муваффақияти дар мавсими соли 2023 ба даст оварда самимона табрик гуфт.
Роҳбари даста барои беҳтар намудани натиҷаҳо дар мусобиқоти байналмилалӣ дар соли 2024 дар назди маъмурият, ситоди мураббиён ва бозигарони даста вазифаҳои мушаххас гузошт.
Ҳамчунин дар чорабинӣ пироҳанҳои ҷадиди дастаи «Истиқлол» барои мавсими 2024 муаррифӣ гардид.
Дар идомаи маросим ба сарпарастон ва шарикони даста Сипоснома ва маҷмуи пурраи сару либоси даста бо тӯб тақдим гардид.
Бошгоҳи футболи «Истиқлол» тасмим гирифтааст, ки соли 2024 тамоми саъю кӯшишашро барои расидан ба натиҷаҳои бузурги варзишӣ равона намуда, қуллаҳои нав ба нави варзиширо фатҳ намояд.
АКС: бошгоҳи футболи «Истиқлол»


















Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид






