Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар «Gulfood» ба намоиш ва фурӯш гузошта шуданд

Февраль 20, 2024 13:34

ДУШАНБЕ, 20.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шаш корхонаи коркарди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон: «Баракат Исфара», «Оро Исфара», «Исфара Фуд», «Субҳи ватан», «Висол» /шаҳри Исфара/, «Насим» /Хоруғ/, инчунин Ассотсиатсияи байналмилалии истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «Gulfood» дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳиддаи Араб хушкмеваҳои Тоҷикистонро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд. Намоишгоҳи «Gulfood» 19 феврал оғоз ёфта, то 23 феврал идома меёбад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази тиҷорати байналмилалӣ.

Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфуз дар доираи лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ – «Пешбурди тиҷорат дар Шарқ: давлатҳои Балкан ва Осиёи Марказӣ» (TPE) амалӣ гардид.

Намоишгоҳ барои корхонаҳои коркарди хушкмеваи тоҷик имкони хубе фароҳам меорад, то маҳсулот ва имконияташонро муаррифӣ ва тарғиб намоянд, ҳамкории эҳтимолии тиҷоратиро баррасӣ намуда, дар минтақа бо раванд ва тамоюлоти нави бозор шинос шаванд.

Роҳбари миллии лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон Саидмӯъмин Камолов мегӯяд: «Иштирок дар «Gulfood» намунаи талошҳои Марказ ҷиҳати тавсеаи бозорҳои нави фаромарзӣ барои хушкмеваҳои Тоҷикистон мебошад. Бо намоиши маҳсулоти хушсифати гуногун дар намоишгоҳи бонуфуз ширкатҳои мо азм гирифтаанд, ки шарикони эҳтимолии байналмилалиро аз байни истеҳсолкунандагон ва харидорон ҷалб намуда, ҳамкории тиҷоратиро ба нафъи мамлакат рушд диҳанд».

«Gulfood» соли 29-ум аст, ки баргузор ва яке аз намоишгоҳҳои бузургтарини тиҷоратӣ дар саноати хӯрокворӣ маҳсуб мешавад.     «Gulfood» коршиносони пешсафи соҳа ва харидоронро аз саросари ҷаҳон ҷиҳати табодули идеяҳо, тавсеаи равобити тиҷоратӣ ва барқарор намудани ҳамкории стратегӣ гирди ҳам меорад.

 АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 20, 2024 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад