Хушксолии пешбинишуда дар Испания маҳдудияти обро барои Барселона шадидтар месозад
ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Барселона ва минтақаи атрофи он дар Каталония ба далели хушксолӣ, ки сатҳи обанборро то ба ҳадди рекордӣ коҳиш додааст, ба маҳдудияти шадидтари об омодагӣ мегиранд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии БЕЛТА иттилоъ медиҳад, дар ин хусус хабаргузории Associated Press хабар додааст.
Соҳаи кишоварзӣ ва саноат низ коҳиш меёбанд. Вазъияти фавқулодаи минтақавӣ обро барои обёрӣ 80%, барои чорво 50% ва барои саноат 25% маҳдудтар менамояд.
Мутахассисон аз афзоиши шиддат ва басомади хушксолӣ дар ин минтақа ҳушдор медиҳанд.
АКС: Unsplash








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






