Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 24.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борону барф пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе — Хуҷанд (хусусан километрҳои 45 то 82-юми шоҳроҳ) хавфи сар задани зуҳуроти тарма боқӣ мемонад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борону барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 19-24 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борону барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 7-12 ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борону барф меборад. Дар водиҳо асосан ҳавои бебориш шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борону барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






