Имрӯз дар Тоҷикистон борону барф пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 16.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борону барф пешгӯӣ мешавад. Аз 16 то 20 феврал дар Тоҷикистон ҳавои сард ва бороне, ки ба барф табдил меёбад, пешгӯӣ мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ бориши барфи шадид пешбинӣ мешавад. Дар роҳҳои кӯҳӣ барфтӯдаҳо ва яхбандӣ пешгӯӣ шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, борону барф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, борону барф пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ 1+7 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7+9 дараҷа гарм ва рӯзона 18+20 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






