«Интернет барои хона» бо қоидаҳои шумо

Февраль 14, 2024 15:31

ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тарофаҳо барои истифодабарандагони интернети ноқилӣ аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» зиёдтар шуданд. Акнун сокинони Душанбе имкон доранд, ки боз ду тарофаро аз силсилаи «Барои хона» – аз ҳама босуръат ва аз ҳама дастрасро аз ҷиҳати нарх пайваст намоянд. Ин озодии интихоби мизоҷонро васеъ менамояд.

Ба муштариёни нав – бо нархи 77 сомонӣ

Тарофаи «Барои хона 2» барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки бори аввал мизоҷи оператор мешаванд. Рақамҳо дар номҳо суръати истифодаи манбаъҳои берунии интернетро ифода менамоянд, ки берун аз ҳудуди домении tj қарор доранд. Мутаносибан дар тарофаи «Барои хона 2» ин нишондиҳанда 2 Мбит/c-ро ташкил медиҳад. Лекин дар бисёр ҳолатҳо суръат ниҳоят баланд мешавад. Ҳамин тавр, барои шабакаҳои иҷтимоии Instagram, Facebook, VK, OK, YouTube ва TikTok суръат 5 Мбит/с-ро ташкил медиҳад. Манбаъҳои дохилӣ бо домени tj, бо суръати 100 Мбит/с кор менамоянд. Чунин мафҳум, ба монанди белимити шабона низ мавҷуд аст, яъне аз соати 00:00 то 06:59 дастрасии бемаҳдуд ба интернет пешниҳод мешавад. Суръати он ба 5 Мбит/c баробар аст.

Интернети хонагиро мизоҷи нав метавонад бо нархи 77 сомонӣ дар як моҳ озмоиш намояд. Дар ин силсила ин пардохти абонентии камтарин мебошад. Баъди озмоиш намудани дастрасии ноқилӣ аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» минбаъд истифодабаранда шартҳои онро таҳлилу баҳогузорӣ намуда, дар хусуси он, ки ба тарофаи дигар гузарад ё не, ба қарори ягона меояд.

Аз ҳама босуръат

Дар айни замон тарофаи «Барои хона 20» амал дорад, ки он дуюмин моли нави оператор маҳсуб шуда, арзиши он 370 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад. Бо ин тарофа дастрасӣ ба манбаъҳои берунӣ бо суръати 20 Мбит/c амалӣ гардида, суръати дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ба 30 Мбит/с баробар аст. Суръати интернет барои белимити шабона 50 Мбит/с ва манбаъҳои дохилӣ 100 Мбит/с-ро ташкил медиҳад. Тарофаи аз ҳама босуръатро ҳамаи хоҳишмандон- ҳам муштариёни нав ва ҳам муштариёни амалкунанда пайваст намуда метавонанд.

Дар маҷмуъ, дар айни замон нуҳ роҳи хизматрасонии «Интернет барои хона», аз ҷумла тарофаҳои муфиди солона амал менамоянд. Маблағи онҳоро метавон якбора ё ба насия пардохт намуд. Лекин ба ҳар сурат нархи онҳо аз нархи тарофаҳо бо пардохти ҳармоҳаи абонентӣ камтар мебошад. Масалан, агар арзиши тарофаи «Барои хона 10» 280 сомониро дар як моҳ ташкил диҳад, тарофаи «Солона Барои хона 10» бо ҳамон суръатҳои интернет 2 200 сомонӣ арзиш хоҳад дошт. Ҳамин тариқ, тарофа бо пардохти солона имкон медиҳад, ки 1 160 сомонӣ маблағ сарфа шавад.

Маълумоти нисбатан муфассалро дар бораи хизматрасонии «Интернет барои хона» метавонед дар сомонаи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» пайдо намоед. Тарофаро бо нарх ва суръати дастрасе интихоб намоед, ки маҳз барои шумо мувофиқ ҳастанд!

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Февраль 14, 2024 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд