«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар шаҳри Норак даври шаҳрии озмун ҷамъбаст гардид

Февраль 26, 2024 16:35

ДУШАНБЕ, 26.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, даври аввали озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар медиҳад.

Дар даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҳунару завқи кадбонуҳо, аз ҷумла дар пухту пази якчанд навъ таоми миллӣ аз рӯйи номинатсияҳои ороиши дастархон, доштани малакаи истифода ва гузоштани зарфу ашё дар болои миз, омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ ва шом, пешниҳоди маълумот оид ба номҳои дурусти таомҳо, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо, маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир, малакаи омода намудани намудҳои гуоногуни хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти нонӣ пешкаши ҳайати ҳакамон гардид.

Даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин»-ро роҳбарияти шаҳр  ҷамъбаст намуда, ғолибонро бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд. Ҳамзамон дигар иштирокчиён, ки дар даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» фаъолона иштирок доштанд, бо туҳфаҳо сарфароз гардиданд.

Мақсад аз баргузор намудани озмуни «Кадбонуи беҳтарин»- ин ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, парвариши эҳсоси худшиносӣ ва меҳанпарастӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонуҳо ва ҳунари дастархонороӣ мебошад.

Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» аз се давр иборат буда, даври аввали он дар ҷамоатҳои деҳот, шаҳрак, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар арафаи Рӯзи Модар ва Наврӯзи байналмилалӣ мегузарад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Февраль 26, 2024 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид