Комиссияи интихоботии Покистон натиҷаҳои ниҳоии интихоботи умумиро эълон намуд
ДУШАНБЕ, 12.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи интихоботии Покистон рӯзи якшанбе натиҷаҳои ниҳоии интихоботи умумиро, ки рӯзи панҷшанбе баргузор шуд, эълон намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа».
Мувофиқи натиҷаҳои интихобот ба Маҷлиси миллӣ (палатаи поёнии парлумон), номзадҳои мустақил 101 ҷойро ишғол намуда, «Лигаи мусулмонони Покистон (фраксияи Навоз)» — и собиқ сарвазир Навоз Шариф 75 ҷой, вакилон аз Ҳизби халқии Покистон, ки роҳбари он собиқ вазири корҳои хориҷӣ Билавал Бҳутто Зардарӣ мебошад, 54 ҷойро соҳиб шуданд.
Ҳизби «Ҳаракати Муттаҳидаи Қавмӣ – Покистон» дар Маҷлиси миллӣ 17 ҷой ва ҳизби «Ҷамоати Уламои Ислом» 4 ҷойро ишғол намудаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






