Мактабҳои шаҳри Душанбе ба баргузории Барномаи байналмилалии дастовардҳои таҳсилии хонандагон (PISA 2025) омода мешаванд

Февраль 21, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 21.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи «Кумаки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста ба омода намудани ҳамоҳангсозони мактабҳо барои баргузории Барномаи байналмилалии дастовардҳои таҳсилии хонандагон (PISA 2025) машварати  омӯзишӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар машварат директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода, роҳбари Лоиҳаи «Кумаки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Штефан Зиверт, коршиноси Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо Айгул Казжанова, намояндагони Вазорати маориф ва илм ва директорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Таъкид шуд, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар PISA 2025 барои арзёбии сифати таҳсил дар асоси муносибати босалоҳият, ислоҳоти соҳаи маориф, ҷорӣ намудани низоми самараноки таълим, механизмҳои институтсионалии арзёбӣ, ки дар Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ мешаванд, хубу натиҷаовар аст.

Тибқи нақша, аз 22 апрел то 11 майи соли 2024 озмоиши маҳаллии Лоиҳаи татбиқи PISA 2025, инчунин соли 2025 таҳқиқоти асосӣ бо иштироки ҳамаи мактабҳои шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Вазорати маориф ва илм тасмим гирифтааст, ки дар баргузории PISA 2025 иштирок намуда, натиҷаи ин таҳқиқотро барои беҳбуд бахшидан ба соҳаи маориф истифода намояд.

Дар идомаи машварат ҳамчунин дар бораи таҷриба ва натиҷаҳои иштироки Ҷумҳурии Қазоқистон дар барномаҳои байналмилалии арзёбии сифати таҳсилот, ҳамоҳангсозони воситаҳои арзёбӣ ва тартиби баргузории таҳқиқоти PISA ва мавзуъҳои ба лоиҳа дахлдор сухан гуфта шуд.

Баъди ба итмом расидани суханрониҳо бо омӯзгороне, ки дар машварат иштирок доштанд, барои дар сатҳи баланд гузаронидани озмоиши маҳаллии PISA 2025 бо иштироки хонандагон дар муасcисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе кори амалӣ гузаронида шуд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон (шаҳри Душанбе) маротибаи аввал  дар таҳқиқоти PISA иштирок менамояд ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули гузаронидани PISA 2025 таъйин шудааст.

Чунин машварат барои омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе низ баргузор мегардад.

АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 21, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар муқоиса ба соли пешин имсол дар Тоҷикистон 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ зиёд шудааст
Соли 2024 47 номгӯйи китобҳои дарсӣ ба теъдоди умумии 1 миллиону 574 ҳазор нусха нашр шуд
Ҳайати Ҷамъияти чинӣ оид ба тадқиқоти ҳуқуқи инсон бо фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шинос гардид
Беш аз 1000 корманди соҳаи маориф дар ноҳияи Фирдавсӣ ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваст
Панҷ ихтисоси Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ. Аз 1 август дар шаҳри Хоруғ намоиш-фурӯши либоси мактабӣ оғоз мешавад
Вазорати маориф ва илм: «Имсол зиёда аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ аз рӯйи равияи омӯзгорӣ донишгоҳу донишкадаҳоро хатм мекунанд»
Ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маводҳои ғизои мактабӣ дастрас мегардад
Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ду неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 19 кВт ба истифода дода шуд
Дастпарварони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аввалин шуда, дар кишварҳои Аврупо рисолаи доктор PhD-ро ҳимоя намудаанд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ. Дар Турсунзода бинои иловагии панҷ муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ мактаби тобистона ба кори худ оғоз намуд