«МегаФон Life»: маблағҳоро ба 20 мамлакати ҷаҳон интиқол диҳед!
ДУШАНБЕ, 05.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имконияти истифодабарандагони интиқоли маблағ дар замимаи мобилии «МегаФон Life» қариб даҳ баробар васеъ шуд. Агар қаблан интиқол танҳо ба Русия ё Тоҷикистон имконпазир буд, пас ҳоло ба ин рӯйхат 20 мамлакати Аврупо ва Осиё шомил шудааст. Хизматрасонии нави «VISA Direct» дар «Ҳамён»-и замимаи мобилии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» якҷоя бо Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Ҳумо» фаъол шуд.
«VISA Direct» имкон медиҳад, ки воситаҳои пулӣ ба Озарбойҷон, Англия, Арманистон, Беларус, Олмон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Малайзия, Молдова, Аморати Муттаҳидаи Арабӣ, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Узбекистон, Чехия, Эстония ва Кореяи Ҷанубӣ фиристода шаванд.
Барои интиқолдиҳӣ бояд рақами корти VISA, насаб ва номи шахси қабулкунандаро донед. Ҳатто дар сурати анҷомёбии транзаксия байни кортҳои VISA-и бонкҳои гуногун, пул фавран ворид мешавад. Комиссия 1%-и маблағи интиқолро ташкил медиҳад, ки ин яке аз пешниҳодҳои муфидтарин дар бозори молиявии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.
Барои истифода аз хизматрасонии «VISA Direct» зарур аст, ки дар «Ҳамён»-и замимаи «МегаФон Life» қисмҳои «Интиқол ва кортҳо» — «Интиқоли маблағ»-ро пахш намоед. Баъдан мамлакатро интихоб намоед ва рақами корти шахси қабулкунанда, ҳаҷми маблағро ворид намуда, тугмаи «Интиқол кардан» -ро зер созед.
Ҳамарӯза истифодабарандаи хизматрасонӣ метавонад то панҷ транзаксия анҷом диҳад. Маблағи камтарини як интиқол — 10 сомонӣ, маблағи зиёдтарин — 2 500 сомонӣ ва меъёри моҳона – 250 000 сомониро ташкил медиҳад.
Бо «МегаФон Life» маблағҳоро ба 20 мамлакати ҷаҳон зуд, қулай ва бехатар интиқол диҳед!
Замимаро аз суроғаи зерин боргирӣ намуда метавонед: «МегаФон Life»
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






