Миқдори безарари кофеин барои як рӯз муайян гардид
ДУШАНБЕ, 25.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз нӯшокиҳои маъмул дар ҷаҳон чой ба ҳисоб меравад. Алалхусус ду навъи он-сиёҳ ва сабз аз ҳама машҳуртарин маҳсуб мешаванд. Ба гуфтаи мутахассиси ғизошинос Вероника Гусакова, кам нафароне ҳастанд, ки дар бораи безарар будани нӯшокӣ, махсусан миқдори кофеин дар он андеша намоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сарчашмаҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳад.
Ҳам чойи сиёҳ ва ҳам сабз дар таркибашон кофеин доранд: дар таркиби намуди аввал он аз 40 то 70 граммро дар як пиёла чой ва дар намуди дуюмӣ аз 20 то 25 граммро ташкил медиҳад. Зимнан агар меъёри аниқи онро муайян намудан хоҳем, он набояд беш аз 400 грамм бошад, вале ин андоза барои ҳар фард гуногун аст. Гусакова таъкид менамояд, ки ин нӯшокӣ ба кӯдакон хатар дошта, дилхоҳ намуди он ба онҳо таъсири зараровар дорад.
Табиб баён дошт, ки истеъмоли аз меъёр зиёди кофеин нишонаҳои зерин: изтироб, дарди меъда, ларзиш, зиёд ҷудо шудани арақи бадан, бехобӣ, дарди сар, набзи тези дилро ба амал меорад. Ба ин хотир баъзе нафаронро зарур аст, ки истеъмоли ин нӯшокиро кам намоянд ва ё онро тамоман нанӯшанд. Ба гурӯҳи осебпазир занҳои ҳомила, гирифторони бемории дилу рагҳо, нафароне, ки аз бехобӣ азият мекашанд ва одамоне, ки аз дарди меъда шикоят доранд, дохил мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз гармхонааш то се ҳосил мегирад
Дар Рашт оид ба тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия машғулият доир гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд






