Миқдори безарари кофеин барои як рӯз муайян гардид

Февраль 25, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 25.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз нӯшокиҳои маъмул дар ҷаҳон чой ба ҳисоб меравад. Алалхусус ду навъи он-сиёҳ ва сабз аз ҳама машҳуртарин маҳсуб мешаванд. Ба гуфтаи мутахассиси ғизошинос Вероника Гусакова, кам нафароне ҳастанд, ки дар бораи безарар будани нӯшокӣ, махсусан миқдори кофеин дар он андеша намоянд. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба сарчашмаҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳад.

Ҳам чойи сиёҳ ва ҳам сабз дар таркибашон кофеин доранд: дар таркиби намуди аввал он аз 40 то 70 граммро дар як пиёла чой ва дар намуди дуюмӣ аз 20 то 25 граммро ташкил медиҳад. Зимнан агар меъёри аниқи онро муайян намудан хоҳем, он набояд беш аз 400 грамм бошад, вале ин андоза барои ҳар фард гуногун аст. Гусакова таъкид менамояд, ки ин нӯшокӣ ба кӯдакон хатар дошта, дилхоҳ намуди он ба онҳо таъсири зараровар дорад.

Табиб баён дошт, ки истеъмоли аз меъёр зиёди кофеин нишонаҳои зерин: изтироб, дарди меъда, ларзиш, зиёд ҷудо шудани арақи бадан, бехобӣ, дарди сар, набзи тези дилро ба амал меорад. Ба ин хотир  баъзе нафаронро зарур аст, ки истеъмоли ин нӯшокиро кам намоянд ва ё онро тамоман нанӯшанд. Ба гурӯҳи осебпазир занҳои ҳомила, гирифторони бемории дилу рагҳо, нафароне, ки аз бехобӣ азият мекашанд ва одамоне, ки аз дарди меъда шикоят доранд, дохил мешаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 25, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад