Намояндагони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва як гурӯҳ модарон ба дидорбинии сарбозон рафтанд

Февраль 22, 2024 08:38

ДУШАНБЕ, 22.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва як гурӯҳ модарон дар қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ.

Кормандони мақомот ва модарон ба дидорбинии сарбозон бо дастовези идона- нону шириниҳо рафта, бо вазъи хизмат дар сафи Артиши миллӣ аз наздик шинос шуданд.

Муовини раиси ноҳия Илҳом Мусозода оид ба муҳайё гардидани шароити мусоиди хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуда, афсаронро  ба хизмати содиқона намудан ба миллату Ватан даъват намуд.

Дар идома меҳмонон бо шароити хизмат  дар қисми низомӣ шинос шуданд.

    АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Февраль 22, 2024 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад