Намояндагони Тоҷикистон бо ҷавонону варзишгарони тоҷики муқими шаҳри Қазон вохӯрӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 26.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории мусобиқаҳои байналмилалии бисёрсоҳаи варзиш «Бозиҳои оянда», ки дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия идома доранд, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолият ва дастовардҳои Ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон шинос шуда, бо ҷавонону варзишгарони муқими шаҳри Қазони Федератсияи Русия вохӯрӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ раиси Ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон Садриддин Тоиров ва дигар шахсони масъули ҷамъият иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ тақвияти фаъолият дар самтҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, иштироки фаъолонаи ҷавонон дар чорабиниҳои гуногуни варзишию фарҳангӣ, инчунин нигоҳ доштани урфу анъанаҳои миллӣ ва ташкилу амалӣ намудани чорабиниҳо дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷамъият беш аз 39 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудаанд, ки аз ин шумора зиёда аз 8 ҳазорашро ҷавонон ташкил медиҳанд. Инчунин дар Ҷумҳурии Тотористон беш аз 18 ҳазор тоҷикони муқимӣ фаъолият менамоянд.
Бо мақсади иштироки ҷавонон дар барномаҳои фарҳангию варзишӣ бо дастгирии роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба ҷамъияти тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон либосҳои миллӣ ва ба якчанд варзишгаре, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз номи Тоҷикистон баромад менамоянд, либосҳои ягонаи варзишии Тоҷикистон тақдим гардид.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






