НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз тарафи марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 8490 аттестати байторию санитарии шароити истеҳсолӣ дода шудааст

Февраль 3, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 03.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ  14 ҳолати барангезандаи бемории сухтанӣ, 3 бемории сиёҳрон, 34  ҳорӣ*, 5  брадзоти* гӯсфандон, 2 ҳодисаи пастерелёзи чорвои калони шохдор ва 1 нуқтаи пастерелёзи чорвои хурди шохдор ба қайд гирифта шуда, нуқтаҳои номусоиди бемориҳои сироятӣ зери назорати доимӣ қарор дошта, дар манбаъҳои номусоид, таҳдидкунанда ва дорои пайдоиши хавф сари вақт чорабиниҳои солимгардонӣ, эмгузаронии маҷбурии саршумори ҳайвонот ва корҳои безараргардонию маҳдудкунӣ гузаронида шудааст. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  31 январи соли равон доир гардид,  иттилоъ дода шуд.

Дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани маърифати санитарию беҳдоштии аҳолӣ аз ҳисоби мутахассисони корхонаҳои зертобеъ бо ҷалби мутахассисони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, дар шаҳру ноҳияҳо бо аҳолӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ зиёда аз 14 ҳазору 822 маротиба суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои зоонозӣ мавриди муҳокима қарор дода шудаанд. Инчунин маводҳои таблиғотӣ омода шуда, ҳамзамон якчанд барномаҳои телевизионӣ оид ба пешгирии бемории сӯхтанӣ ва таби хунин таҳия ва намоиш дода шуд.

Дар нишаст гуфта шуд, ки аз тарафи марказҳои таъминоти бехатарии озуқавории шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2023 ба иншооти нигоҳдорӣ, анборхонаҳо, сардхонаҳо, сехҳои коркарди маҳсулоти чорводорӣ, дўконҳои гӯштфурӯшӣ, нуқтаҳои забҳи чорво, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 8490 аттестати байторию санитарии шароити истеҳсолӣ дода шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

_____________

* Ҳорӣ — бемории сироятие мебошад, ки боиси иллати сахти системаи асабҳо, рагкашӣ, фалаҷ, инчунин ташаннуҷи мушакҳои гулӯ ва нафаскашӣ мегардад. Бо ин маризӣ одам ва ҳайвон гирифтор мешавад.

* Брадзот — як навъ касалии шадиди гузарандаи ҳайвонот аст, ки ба он асосан гӯсфандон (бештар гӯсфандони то 2-сола) гирифтор мешаванд.

Февраль 3, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд