НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 беш аз 200 ҳазор меҳмонони хориҷӣ ба шаҳри Душанбе омадаанд
ДУШАНБЕ, 16.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта 229 ҳазор меҳмонони хориҷӣ ба шаҳри Душанбе омадаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 37 ҳазор ё 19 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Зиёд шудани шумораи сайёҳон далели он аст, ки солҳои охир Душанбе ба яке аз шаҳрҳои амну осоишта ва бехатар табдил ёфтааст. Аз ҷумла, таҳлили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҳолати ҷинояткорӣ дар ин давра нишон медиҳад, ки шумораи умумии ҷиноятҳои сабтшуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 222 адад ё 5 фоиз кам мебошад»,- гуфт Ҷамшед Табарзода.
Ҳамзамон дар ҷараёни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки давоми солҳои охир бо мақсади ободу зебо намудан ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонони пойтахт бо ташаббуси шаҳрдорӣ тадбирҳои нав рӯи кор омаданд.
Дар айни замон дар доираи нақшаи генералии шаҳр бунёди зиёда аз 407 иншооту бинои таъйиноти гуногун амалӣ мешавад. Соли 2023 дар доираи нақша 11 муассисаи таълимӣ, 7 муассисаи тандурустӣ, 20 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 4 бинои маъмурӣ, 53 иншооти баландошёна бо ҷойгиронии 38 маркази хизматрасонӣ, 3 тарабхона, 3 иншооти варзишӣ сохта шуда, таъмири 63 нуқтаи партовпартоӣ ва рангубори 216 бинову иншоот бо таъсиси 4250 ҷойи кори нав анҷом дода шуд.
Дар айни замон дар 12 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 24,9 километр ва 2 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 3,33 километр, инчунин дар 34 истгоҳи нақлиётии замонавӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд






